Уламои дин аъмоли хиёнаткоронро маҳкум намуданд

42910613_552314041890201_2240147584591069184_n

МАСТЧОҲ. Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки сархатиби ноҳия, имомхатибон, имомҳои масоҷиди панҷвақта, зиёиён, масъулину фаъолон ва беш аз 400 нафар сокинони ин ҷамоати калонтарини ноҳия ҳамоиш баргузор гардид. Нахуст муовини аввали раиси ҷамоат Икром Ахмедов доир ба муҳтавои чорабинии мазкур сухан гуфта, изҳор дошт, ки ҷаҳони муосирро хатари густариши тероризм беш аз пеш таҳдид мекунад ва набояд касе дар ин масъала мақеи бетарафиро ишғол намояд. Муллосадриддин Эшонзода сархатиби ноҳияи Мастчоҳ доир ба суистифодаи номи дини мубини Ислом аз ҷониби гуруҳҳои ифротию терористӣ сухан гуфта, таъкид намуд, ки Ислом ҳама гуна аъмоли харобиовар ва қатлу куштори мардуми бегуноҳро қотеъона маҳкум менамояд. Ислом дини ростӣ, покӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббат аст. Мо набояд гузорем, ки аз эътиқоду дини мо истифода карда, мову фарзандонамонро ба зиллату гумроҳӣ афкананд, — гуфт М. Эшонзода, сархатиби ноҳияи Мастчоҳ. Дигар уламои дин Саидҳомид Ниёзов, Ҳоҷӣ Зоир Устозода ва дигар баромадкунандагон аъмоли хиёнаткорон — терористони ҲНИ-ро маҳкум намуда, аз сокинон даъват намуданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш намоянд, то ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ наафтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>