Терроризм хатари ҷиддӣ ба амнияти давлат

изхорот 19.07.2018

АНДЕША. Сарнавишти миллат дар ҳама давру замон ба вазъи ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ вобастагӣ дошт. Кӯшишҳои тақсимоти нави ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд аз солҳои 90-уми сада ХХ оғоз гардида буд ва то имрӯз идома дорад. Он ҷаҳони муосирро ба як бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додаст, ки баъдан ба анҷом ёфтани амалҳои террористӣ сурат мегирад. Ин падида  дар ҷаҳони ислом дар шакли тезу тунд сурат гирифта боиси вайрон шудани амну субот дар ин ё он кишварҳо мегардад. Барои расидан ба ин ҳадаф давлатҳои абарқудрат мекӯшанд бо ҷалби ҷавонони ноогоҳ ин ё он давлатҳои исломӣ ба гурӯҳҳои мазҳабӣ вазъиятро ноором созанд. Вале баъзе нохалафони аз илму фарҳангу хираду фаросати нафосати инсонӣ бехабар ин миллати тамаддунофари бостониро бадном карданӣ шуда, ба ифродгароиву зиштиву фасоду фуҷур мераванд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Чунин ашхос набояд фаромӯш кунанд, ки ба Ватану миллат хиёнат кардан хиёнат ба падару модар ва фарзанду бародару хоҳар аст. Афсӯс аз кӯтоҳандешии ин гуна афрод ба қадри гузаштагони бофаросату нектинат ва тамаддунофару нексиришти хеш намерасанд. Барои раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ хусусан омӯзгорон, падару модарон, зиёиёни кишварро зарур аст, ки ҷавонони Тоҷикистонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Салоҳиддин Нарзӣ

мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>