Ифротгароӣ маризии ҷомеаи муосир

SKU223644(1)

АНДЕША. Бояд зикр намуд, ки имрӯз инсоният рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ифротгароӣ яке аз проблемаҳои номатлуби ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии ифротгароён ба эҳсосоти одамон таъсир расонидан ва дар байни мардум нооромиҳоро ба вуҷуд овардан аст. Ифротгароён ба одамон авомфиребона иҷрои камбудӣ ва норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми худ медароранд. Онҳо ҳар гуна корҳои разилонаи худро ба воситаи мардуми зудбовар карда, барои онҳо сулҳу салоҳ ягон қадре надорад. Ташкилотҳои ифротгароӣ дар кишварҳои Осиё, Африқо, Амрико ва махсусан дар мамлакатҳои араб мушоҳида мегарданд. Инчунин ифротгароӣ дар давлатҳои Покистону Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон низ рушду нумӯъ меёбад. Дар сиёсати ҷаҳонӣ ифротгароӣ мақоми махсусе пайдо намуда, он ба шакли мудҳиши зӯроварӣ табдил ёфтааст.  Аз ин одамони бегуноҳи бисёре қурбони амалҳои ифротгароӣ мегарданд. Аҳли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти ифротгароӣ мубориза баранд. Барои рафъи ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурдан вазифаи натанҳо давлат ва ҳокимият, балки вазифаи шаҳрвандон низ ҳаст. Дарк намудани ҳисси муҳаббат ба халқу ватани маҳбуб, дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ватан, таҳкими сулҳу суббот ва ягонагиву ваҳдати миллӣ аз омилҳоеанд, ки насли наврас ва навҷавонони кишварро ба ҷониби ахлоқи ҳамидаву бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозанд. Ҳамчунин ташкили дарсҳои беруназсинфӣ, таҳлили шеър ва эҷодиёти шоирони классики форсу тоҷик дар байни наврасон ва ҷавонон ба роҳ монда шавад.  Эҷодиёти ин бузургони илму адаб наврасон ва ҷавонони моро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дониши сиёсии ононро бошад такмил медиҳад. Ва ин як воситае мешавад, ки наврасон ва ҷавонони имрӯзаи мо ба ҳар гуна роҳҳои хато нарафта баҳри пойдории сулҳу субот ва ободии  кишвар саҳми амалии худро мегузоранд.

Саидова Моҳинисо

омӯзори кафедраи таърих ва ҷомеашиносии

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>