Террористон ватану миллат надоранд

pero

АНДЕША. Терроризм ва экстремизм равандҳои номатлубеанд, ки имрӯзҳо тамоми аҳли башарро дар ташвиш гузоштаанд.  Ҳамарӯза, ҳам аз тариқи нашрияҳо ва ҳам аз садою симо ва шабакаҳои интернетӣ аз нохушиҳою нооромиҳое огаҳӣ пайдо мекунем, ки аксаран маҳз ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва иҷтимоӣ эълон гардида, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю шоиста фароҳам оварад.  Феълан, вазъи имрӯза вобаста бо тундравии ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки аз нофаҳмӣ ва ноогоҳию бехабарӣ аз фарҳанги миллӣ, паст будани сатҳи маърифатӣ , надоштани дониши сиёсӣ, надоштани мавқеъ дар оила ва ҷомеа, нокомилиҳои иқтисодӣ, тангдастиҳои рӯзгор ҷудошавии оилаҳо омилҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебаранд. Онҳо ба дасисаҳои дасгоҳҳои иттилоотӣ бовар карда, ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, бо фикру ақидаҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонда вазъро ноором месозанд. Бо мақсади баргардонидан аз ин роҳ воситаҳои гуногуне мавҷуданд, ки садди роҳи онҳо мешаванд: амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳикунӣ, мустаҳкам кардани мақомотӣ ҳифзи ҳуқуқ, омодагӣ ва такмили ихтисоси кадрӣ, таъминот бо воситаҳои моддию техникии муосир, ҷалби сохторҳои давлатӣ ва ғайр аз ин институтҳои сиёсии ҷомеа ва ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки баҳри решакан карданиин падидаи носолим дар якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намоянд. Дар замони муосир таҷдиди назар кардан ба раванди бонизоми таълиму тарбияи насли ҷавонон аҳамияти бузург дорад.  Мебояд, ки дар баробари омӯхтани илмҳои бунёдӣ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи навин ҷавонону наврасон доир ба динҳои ҷаҳонӣ низ иттилооти кофӣ дошта бошанд.

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

                                                   Мудири кафедраи педагогика ва психология

                                                   Абдуразоқ  Қурбоналиев 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>