Покизатарин равия – равияи Ҳанафия

SKU223644(1)

АНДЕША. Дар фазои солим инсон метавонад комилан озодона барои исботи фикраш ҷадал кунад, ки ин яке аз омилҳои  рушди ҷомеа мебошад.  Вале ҳамаи ин ҷадалҳо бояд ба манфиати Ватан, ҷомеа, миллат равона шуда бошанд ва дар ҷавҳари худ ҳадафҳои сулҳу салоҳ, оромӣ, рушди маънавию иқтисодӣ дошта бошанд. Ин ғоя сар то сари мазҳабу фиқҳи ҳанафиро фаро гирифтааст. Тундравии қисме аз аҳли  ҷомеаи мо, ба ақидаи банда, омили зеҳнӣ низ дорад. Тавре  аз таърих ба мо равшан аст, мазҳаби ҳанафӣдар Эронзамин ҳанӯз пеш аз кишвардории Сомониён пайдо шуда буд.  Дар давраи ҳукмронии Сомониён ин мазҳаб ва  фиқҳи он  омилҳои айниву зеҳнии худро дошт.  Удабои Сомонӣ онро як василаи умдаи чеҳраи миллӣ ва мардумӣ пайдо кардани ислом дар қаламрави аморати хеш меҳисобиданд. Ин омил то ҳоло  аҳамияти худро гум накардааст. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд, ки зуҳуроти ифротию терроризм ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ, гуруҳҳои террористӣ  ва маънавиро  ба бор меорад. Аз васоити ахбор имрӯзҳо ба мо маълум аст, ки  мақсаду  мароми террористон  бо амалҳои ношоиста даст зада, сабабгори ҳалокати мардум ва нооромии вазъ шудан аст. Онҳо аз номи  дини мубини ислом сӯйистифода намуда, ба паҳншавии ақидаҳои бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Мо ҷавонони  қавиирода намегузорем, ки  кишвари озодамон бори дигар оғуштаи ҷангу ҷидол гардаду осмони софу беғубор ошуфтаи чангу ғубор шавад. То ҷон дар тан дорем пайравони мазҳаби ҳанафия буда, дар гирди Пешвои муаззами худ  бо ақидаи устувор қадам  зада, Тоҷикистони азизамонро аз ҳар гуна вайронкориҳо эмин нигоҳ медорем. Дар тамоми корҳо ниятамонро холис гардонида, дар ҳар сурат кӯшиш менамоем, ки  ҳалол кор кунем ва ҳалол бихӯрем.  Бо саъю талош ҷомеаро аз ҷоҳилону гумроҳон эмин нигоҳ дорем, аз корҳои бемаънӣ ва бефоида  даст кашида, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем.  Абӯҳанифа дар замони худ ба ҷавонон муроҷиат карда, васият мекардаанд, ки пайваста ба омӯзиши  илм машғул шаванд ва бо роҳи ҳалол мол ҷамъ намоянд.   Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами кишвар аст, ки дар куҷое баромад накунанд, саъй ба ҳифзи халқу Ватан мекунанд. Таъкид ба он доранд, ки мо ҷавонон ояндасози миллат, дар рушду нумӯи кишвари хеш бештару беҳтар саҳмгузор шавем.

А.Раҳимова,

мудири бахши умумии Коллеҷи технологии ба

номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>