«Паймони миллӣ» доми фиреби ТТЭ ХНИ аст!

7a2faf6682afe4e140f7674dbb5q--suveniry-i-podarki-imennoj-nabor-kozhanyj-ezhednevnik-i-ruchk

АНДЕША. Мо, устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,   ки таҷрибаи рӯзгорро аз бар кардаему сабабҳо ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро дар тарозуи ақлу тадбир баркашидаем, аз ҷониби 4 нафар ашхоси хиёнатпешаи ватанфурӯш – Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов созмон ёфтани   иттиҳоди «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро найранги навбатии мухолифини ҳукумат махкум  мекунем. Аввал ин ки ин чор нафар ҳуқуқи аз номи миллати тоҷик баромад кардан надоранд. Онҳо ҳақ надоранд худро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ кунанд. Сониян идеяи таъсис додани иттиҳоди мазкур аз андешаву ақидаи душманони миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон об мехурад ва бинобар ин, он мақсади нафъ расонидан ба Тоҷикистон ва  сокинони онро надорад, балки баръакс, барои заиф намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таъсис дода шудааст. Созмондиҳандагони иттиҳоди мазкур мехоҳанд бо ин иқдоми фиребанда усули нави авомфиребонаи худро роҳандозӣ кунанд. Онҳо зӯр зада, бо ҳазор дурӯғу фитна ҳукуматро айбдор мекунанд ва даъвои сулҳу субот доранд, вале чӣ гуна сулҳ? Бо кӣ? Оё дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ нест? Балки ин муддаин бо пиёда кардани нақшаву ниятҳои зишташон суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Кору амали онҳо тибқи дастуру роҳнамоии душманони хориҷии миллат ба роҳ монда шудааст ва инро халқи кишвар ба хубӣ медонад. Симои манфури роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби  наҳзати ислом, ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд овардани он ва мазҳабфурӯшии аъзояш аз чашми мардум пинҳон намондааст. Ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ҳол ба халқу Ватани мо заррае фоида наовардааст, балки зарару зиён оварда, худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон додааст. Иғвоангезии навбатии онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад. Пешрафту ободии имрӯзаи Тоҷикистон, рушди босуръати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизи мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ҳамватанони худогоҳи мо ҳаргиз фирефтаи даъвоҳои пуч ва суханони фиребандаи се-чор ҷоҳталаб намегарданд. Ин дасисабозон, ки аз фармоишоти хоҷагони хориҷии худ як қадам берун намемонанд, асло дар пайи ободии Ватан набуданд ва нестанд. Мову шумо, ки на як бору  ду бор шоҳиди фитнакориҳои ин гуна ашхос ва пуштибонҳои бадасли онҳо гардидаем, оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз ёд набурдаем ва ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки онҳо иттиҳоду истиқлоли моро барҳам зананд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>