Хизмат ба Ватан шараф аст

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар навбати аввал 80 нафар ҷавонписарон ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд. Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳия Салимзода Комил, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзоза Рустам, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот, падару модарон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Раиси ноҳия Салимзода Комил дар баромади худ оиди таърихи ташкилёбии Артиши Миллӣ ва ташаккулёбии ҷузъу томҳои он, шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан — Модар суханронӣ намуда, ба ҷавонони ноҳия поквиҷдонона ва сарбаландона адо намудани хизмати Ватанро таманно намуд. Дар ин радиф даъватшаванда Сайфуллоев Сарвар ва аз номи падару модарони даъватшавандагон Отамуродов Бобур, ки падари даъватшаванда Отамуродов Хумоюн мебошад, баромад карда, фахру ифтихор ва муҳаббати бепоёни ватандории хешро баён намуданд. Сипас баҳри болидахотирии аҳли ҷамъомадагон барномаи фарангӣ пешкаши тамошобинон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>