Забони модарии ман

ҶАББОР РАСУЛОВ. Иди забонро ҳамчун бузургтарин руйдоди даврони Истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Воқеан ҳам забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муомила мекунад, бо зиндагии мардуми дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Ҳамчуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандонамон будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузоӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем». Бо ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ дар толори Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримова София, раиси ноҳия Салимзода Комил, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, кормандони КИН ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, собиқадорони меҳнат, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлили гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>