Вазифагузориҳо барои фаъолияти минъбада

ХХДТ (2)

ЗАФАРОБОД. Дар маҷлисгоҳи хурди МИҲД-и ноҳия маҷлиси  ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзоёни Раёсат ва кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзоёни фаъол ва собиқадорони ҳизб, ҷамъ 57 нафар иштирок намуданд. Дар  маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси ноҳия Зарина Абдуллозода иштирок намуд. Дар маҷлис се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд: Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод давоми нуҳмоҳи соли 2018, вазифагузориҳо барои фаъолияти минъбада ва масъалаҳои ҷорӣ. Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод шунида шуда, номбурда аз ҷараёни фаъолият дар давраи сипаригардида ба ҳозирин гузориш дод. Сипас Зарина Абдуллозода дар баромадаш доир ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ёдовар гашта, таъкид дошт, ки ҲХДТ дар ҷараёни муборизоти идеологии имрӯза баҳри ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, суботӣ сиёсӣ ва рушди бемайлони кишвар пешсаф ва парчамбардор мебошад. Аъзоёни фаъоли ҳизб Ниёзқулова Д, Исмоилов А ва Мерганова Н ба музокира баромада, бобати фаъолияти КИ ҲХДТ дар давоми нуҳмоҳи соли 2018 андешаронӣ намуданд ва фаъолияти кумитаи иҷроияро дар ин давра қаноатбахш хисобиданд. Сипас аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод вазифагузориҳо дар давраи минбада тибқи нақшаи чорабиниҳои соли 2018 муайян карда шуд.  Дар ҷамъомади мазкур 10 нафар ҷавонони фаъол ба аъзогии ҲХДТ кабул карда  шуда, шиносномаи ҳизбии онҳо аз тарафи муовини Раиси ноҳия ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ба таври тантанавӣ супорида шуд. Ҳамин тавр маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод барои нуҳмоҳаи соли 2018  кори худро ба итмом расонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>