Саҳми ҳизбиён

20181007_163717

АШТ. Саҳми аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта имсол низ мисли дигар чинакчиён назаррас аст. Дар ин самт дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба масъалаи сари вақт ва беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳияви ҳизб дар ғунучини ин дурри гаронбаҳо муташаккилона ширкат варзида, то ба имрӯз дар хоҷагии деҳқонии Судҷа зиёда аз 3 тонна пахта чиданд. Кормандон Мусоев Д, Маҳмудова Н, Рузиматова М. дар байни чинакчиёни пешқадами ноҳия қарор дошта, дар як рӯз 70-80 килограммӣ пахта чида истодаанд. Аъзои ҲХДТ кӯшиш доранд, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво то пағаи охирин дар чиниши ин ашёи муҳими саноатии кишвар саҳми хешро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>