Хаққи устод аз падар беш аст…

ХУҶАНД. Дар ҳошияи дастуру супоришот ва амри Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷихати бо шукӯҳу шахомати хоса пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон ва бад-ин васила таҳкиму густариш бахшидан дар масоили худогохиву хештаншиносӣ ва шинохти асолати миллӣ, арҷ гузоштан ба Устоду мураббӣ, ки бо чароӯи хираду заковат рӯзгори моро муҷаллову мунаввар медоранд, Кумитаи иҷроии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-адабии «Ҷахони сипос»-ро таҳти унвони «Хаққи устод аз падар беш аст», ки ба Рӯзи Муаллим ва гиромидошти шоира Норинисои Алимухаммад бахшида шуд,  доир намуд. Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони чорабинӣ ва кулли иштирокдоронро хайру мақдам гуфта, қайд намуд:» Ҳамасола дар кишвари азиз — Тоҷикистон ин рӯз чун Рӯзи бузургдошти забони точикӣ ва Иди касбии омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, аз фурсат истифода бурда, Шуморо бо ҷашнҳои фархундаи миллат шодбод мегӯям. Норинисо аз зумраи он нафаронест, ки бо сухтану сохтанҳои худ дар сари роҳи зиндагӣ машъали фурузони меҳру мухаббату садоқат афрухта ва бо шеъру газалҳои дилнишину гуворояш ба дилҳо маскан гузида. Ташкилоти ибтидоии ба номи Пӯлод Атаев дар робита бо Кумитаи маҳаддаи «Раззоқ», ки ин ҷо мавсуф чашм ба олами хастӣ кушода, дар МТМУ рақами 27 таълиму тарбия гирифтааст, ташаббус нишон дода, бо фаъолзанони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шахри Хуҷанд бо пайвандони шоира оромгоҳи Норинисои Алимухаммадро зиёрат намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки Куллиёти ашъори шоира Норинисо дар қайди хаёт буданаш бо теъдоди 1000 нусха аз дасти чоп баромадааст. Норинисо вассофи Ватан, ишҷқу зебоӣ, тараннумгари ободиву сарсабзии меҳани хеш буд»  Аз рӯи барномаи конференсияи илмӣ-адабӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоира Муаттара Ғаниева дар мавзӯи «Норинисои Алимуҳаммад -шоир ва Устоди муваффақ» суханронӣ намуда, аз ашъори шоира шеърхо қироат намуд. Меҳмони арҷманди чорабинии илмӣ Артисти хизматнишондодаи ИҶШС Ҷӯрабек Муродов аз зиндагиномаи ибратбахши шоира ёдовар шуда, оид ба хислатҳои ҳамидаи Норинисо ва ҳунари шоирии ӯ ибрози ақида намуд ва хотираи шоираро бо сурудани сурудҳои диловез гиромӣ дошт. Ҳамзамон толибилмон дар васфи омузгор шеъру таронаҳо қироат намуданд:

Ҷаҳономӯзи тифлонӣ, муаллим,

Ниҳолонро нигаҳбонӣ, муаллим!

Дарахти орзу шодоб намудӣ,

Магар руди Зарафшонӣ, муаллим?!

Ҳамсинфи шоира Норинисо собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Махфират Тохирова, ихлосманд ва дӯсти хонадони шоира, таъсисдиҳандаи Академияи халқии «Шукрона» Мунисаи Мухаммад, рӯзноманигори шинохта Тӯҳфа Расулйӣ ёддошту андешаҳои хешро дар мавриди хаёти бачагӣ ва фаъолияти эҷодии шоира дар Душанбешаҳр иброз намуданд, ки хеле ибратбахшу судманд арзебӣ гардид. Дар ҷараёни чорабинии мазкур хонандагон аз ашъори шоира интихобан шеъру ғазалҳои ноб қироат намуданд, ки хеле муассиру ҷолиб садо дод. Аз номи ахли байт ва пайвандони Норинисои Алимуҳаммад писари шоира Илҳомҷон Сангинов, хоҳари шоира Тӯҳфанисо ва духтари дилбандашон Дилбар баромад намуда, миннатдории хешро ба    МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дар симои Раиси он Маъруф Муҳаммадзода ва ба Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шахри Хуҷанд шахсан ба Раиси он Наим Мунаввар Маликисломӣ изҳор намуданд. Дар бахши фархангии чорабинии илмӣ бародарон Авловиддин ва Ҳиллолидин Шамсиевҳо баромад намуда, бо суруду оҳангҳои хеш табъи ҳозиринро болида сохтанд. Дар ҳавои суруди Норинисо «Эй хохарони ҷонӣ, иди шумо муборак!» модарону хохарон ва бонувони чорабинӣ рақсиданд, ки хеле ҷаззобу гуворо буд.  Дар хотимаи конференсияи илмӣ бори дигар Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо ҷашни ҳамдамиву ҳамдилӣ, рафоқату садоқат, илму ҳунар, созандагиву бунедкорӣ, гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ шодбод гуфта бо байтҳои зерин ба чорабинӣ ҳусни анҷом  бахшид:

Хирад раҳнамою хирад раҳкушоӣ,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>