Корҳои ташвиқотӣ идома дорад

image-0-02-06-d1ef2c68b5a3a2a3d50a6af4677a3fb4ee288b4183ee775aa4dd4c912f671a78-V

АШТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт баҳри зиёд намудани сафи ҳизб кушиш ба харҷ дода истода, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро хеле хуб ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад рӯзи гузашта масъулини шуъбаи ташкилӣ ва омори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар МТМУ №13-и ба номи Камоли Хуҷандӣ бо омӯзгорон ва кормандони муассисаи маскур оид ба зиёд намудани сафи аъзои  ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд. Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мусоев Д. зимни сӯҳбат афзуд, ки аъзои ҲХДТ имрӯзҳо баҳри рушди бемайлони ҷомеа талош меварзанд. Аз ин лиҳоз аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки махсусан ҷавонон ба сафи ин ҳизби бонуфӯзи кишвар пайванданд.  Инчунин дар ин суҳбат директори МТМУ №13 Абулқосимов Атҳамҷон фикру андешаҳои худро баён намуд. Баъди мулоқот  якчанд нафар омӯзгорон  ҳуҷҷатҳои худро барои аъзогӣ ба сафи ҳизб пешниҳод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>