Ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд

АШТ. Рӯзи гузашта тибқи нақша  чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар ташкилоти ибтидоии театри мусиқӣ-драмавии ба номи  Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки кормандон ва аъзоёни ҲХДТ дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд» мулоқот  баргузор гардид. Дар  мулоқот  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рузиматов.Д  баромад карда қайд намуд, ки сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки халқи тоҷик то ба давраи замони мо дар давоми асрҳо барои озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи  хоки муқаддаси ниёгон, Ватани худ мубориза бурдаанд. Ватан дар ҳама давру замон барои халқи тоҷик аз ҳама арзишҳои зиндагӣ дида болотар ва муқаддастарин буд ва мебошад. Биси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ дошта, сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишварамон ҳиссаи муносиб мегузоранд. Зимни сӯҳбат инчунин яке аз корманди дараҷаи якум Миродиев Убайдулло ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо намудааст,  ба сухан баромада, қайд намуд, ояндаи ҳар як миллат аз ҷавонони бо ору номус вобастагӣ дорад. Ҷавонони зиндадилро мебояд бо фаъолияту зиндагии арзандаи худ обрӯи халқу Ватани хешро дар байни ҷаҳониён баланд бардоранд ва боиси ифтихору  сарбаландии меҳани худ шаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>