Вохӯрӣ бо ҷавонон

IMG_20181009_123945

КОНИБОДОМ.  Тибқи нақша-чорабинии ТҶҶ «СозандагониВатан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом силсилавохӯриҳо таҳти унвони «Мо-ҳомиёни ин Ватанем» байни муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу литсейҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон дар ҳамкорӣ бо собиқадорони меҳнати шаҳр ва маориф баргузор гардида истодааст. Санаи 8 ва 9-ми октябр вохӯрии мазкур бо хатмкунандагони МТМУ№3 ва МТМУ№4 баргузор гардид , ки дар онҳо роҳбарии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шарипов Акмал ва муовини шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳр Юсупов Исмоилҷон, инчунин собиқадори маориф, тандурустӣ иштирок ва баромад намуданд.   ШариповА дар баромади худ қайд намуд, имрузхо ҷомеаи моро шахсони ифротиву тундгаро  бо ваъдаҳои беасоси худ халалдор карданианд, аммо террорист – террорист аст , ӯ ҳеҷ гоҳ боандеша буда наметавонад. Аз ин рӯ Шумо- ҷавонон хамеша боақлу заковати хеш зиракии сиёсиро аз даст  надода, баҳри ояндаи кишвар бикӯшед ва фарзандони арзандаи замони хеш бошед…   Вохӯрӣ бо сӯҳбати озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт. Хонандагон низ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>