Иштироки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар аёдати модари сарбоз

АШТ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин дар доираи чорабинии умумивилоятии ҲХДТ таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем» бо иштироки якчанд нафар аъзои ТҶҶ«Созандагони Ватан» рӯзи гузашта аёдати шаҳрванди ноҳия Алиева Шарофат — модари сарбоз Алиев Ином Ғуломовичро, ки айни вақт дар қисми ҳарбии 051052 хизмати аскариро содиқона адо намуда истодааст, ба ҷо оварданд. Сароғоз Б.Зиёӣ ба модари сарбоз барои тарбияи чунин фарзанди боору номус, ки имрӯзҳо дар ҳимояи марзу буми Ватан қарор дорад, изҳори сипос намуд. Сипас аз шарту шароити зисти модари аскар пурсон гардида, баён дошт, ки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамеша омода ҳастанд барои корҳои хоҷагӣ ёрӣ расонанд.  Шаҳрванд Алиева Шарофат ин амали навбатии ҳизбиёнро боиси хушнудӣ ва хушҳолии ҳар як падару модар баён намуд. Ва дар сӯҳбат бо хонандагон зикр намуд, ки фарзандам Иномҷон бо вуҷуди як писари танҳо будан бо азму хоҳиши худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо оварда истодааст. Дар интиҳо сипосгузории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин пуштибонӣ иброз намуд. Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ин самт ҳамкориро бо Комиссариати ҳарбии ноҳия мустаҳкам роҳандозӣ намуда, баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>