Фестивал-озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ»

timthumb

КОНИБОДОМ. Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ даври вилоятии фестивал-озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид, ки дар ин навбат ҳунармандони шаҳри Конибодом бо пешниҳоди беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои халқӣ, рушду инкишоф ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои дастӣ, эҳёи таомҳои миллии қадима, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тарбияи ҳисси баланди зебоиспарастӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба роҳ монда шудааст. Ҳунарварони Конибодом аз ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ дар даромадгоҳи ин мавзеи фарҳангӣ маҳсулоти ҳунармандиро дар шаклу намуд ва тарҳҳои зебо пешкаш карданд. Ҳайати доварон аз намоишгоҳи ҳунармандон дидан карда, баҳогузорӣ намуданд. Иштирокдорони фестивал, меҳмонон, махсусан, сайёҳони хориҷӣ ба намоиши маҳсулоти ҳунармандони Конибодом мароқ зоҳир намуда, аз тарзи омода кардани онҳо, маҳсулоти истифодашуда ва намудҳои мухталифи ҳунари халқии маҳал пурсон шуданд. Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳрамон барномаи рангини ҳунарӣ манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд, ки саршори васфи сулҳу амонӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва ситоиши ҳунару ҳунармандӣ буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>