Хиёнаткор Ватан надорад

DSC05940

ГУЛИСТОН. Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Чоруқдаррон бо иштироки занон, ҷавонон, фаъолони ҳизб вохӯрӣ баргузор намуд. Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода  дар мавзӯъи «Хиёнаткор Ватан надорад»  суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гуруҳҳои махсус таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Баъд аз анҷом додани ин амалиёт дар шуури онҳо афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат»- ро ҷо дода, ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқурдҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд. Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гуруҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Ӯ бевосита муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва ҳамчун душман ба миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад! Омили дигар ин муҳоҷирати танзимнашудаи ҷавонони тоҷик ба Русия мебошад, ки гуруҳҳои тунгарои исломӣ аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин кишвар ҷавонони тоҷик, ки синни аксарияташон аз 18 то 30 сола аст, бо роҳҳои гуногун фирефтаи макру ҳилла мегарданд. Ҷавонони раҳгумзада на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати гуруҳҳои манфиатхоҳ. Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем. Дар вохӯрӣ маърузаҳои мудирони шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон низ шунида шуданд. Кумиҷроияи шаҳрӣ баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, худкушӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зиддӣ тероризм-экстремизми сиёсию динӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, мулоқоту суҳбатҳоро тибқи нақша ба роҳ монда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>