Мачлиси ҳисоботи нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ

СПИТАМЕН. Дар толори маҷилисгоҳи ҷамоати  шаҳраки  Навкат маҷлиси ҳисоботи нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси кумитаи иҷроия О Насуруллоев, аъзоёни раёсат, кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидои,  аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», Шӯърои собиқадорон, ва вакилон иштирок намуданд. Дар маҷлис се масъала баррасӣ карда шуд. Раиси кумитаи иҷроия  О Насруллоев  аз рӯйи масалаи якум суханро ба сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия У Муҳитдинова дод.  У.Муҳитдинова оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ҳисобот дод. Аз рӯйи масъалаи мазкур аз ташкилоти ибтидои Бердиёров Ш ва аз ташкилоти ибтидоии Маркази саломатӣ №1 Султонова Г ба музокира баромаданд. Сипас аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома яъне оиди тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидои оиди қабули аъзоёни нав  рӯйхати ташкилот ибтидои қироат гардид. Оиди  масъалаҳои якум ва дуюми рӯзнома  аз тарафи раиси кумитаи иҷроия ба раисони ташкилотҳои ибтидои вазифагузори карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Сипас ба як қатор аъзоёни нав дар вазъи тантанави шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.  Бо ҳамин маҷлиси кумитаи иҷроия ба охир расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>