Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумиҷроияи ҳизб

ҶАББОР РАСУЛОВ. 9-уми октябри соли 2018 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов натиҷаи фаъолияти КИН ҲХДТ, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ, аъзоёни Кумиҷроия, вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони Ҷамоатҳо, аъзоёни фаъоли ҳизб, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонон ва занону духтарони фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии КИН ҲХДТ масъалаҳои зерин: «Ҳисобот оиди фаъолияти КИН ҲХДТ дар нӯҳмоҳаи соли 2018», «Рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ», «Тасдиқи қарорҳои Ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд. Роҷеъ ба фаъолияти КИН ҲХДТ дар нӯҳ моҳи соли 2018  муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон баромад намуда ба ҳозирин маълумот дод. Раиси ТИ ҲХДТ «Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз» — Бобокалонов Олимҷон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Набиев Шерзод ба музокира баромада, кору фаъолияти КИН ҲХДТ дар зарфи нӯҳ моҳи соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар охир ба ҷавонони фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>