Маҷлиси ҷаъбастӣ баргузор гардид

БӮСТОН: Рузи гузашта  Маҷлиси  ҷамъбастии фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  дар нуҳ моҳи соли  2018 баргузор гардид. Дар маҷлис  4 масъала  мавриди баррасии аъзоёни  раёсат ва кумиҷроия карор гирифт. Аз ҷумла, Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ даршаҳри Бӯстон  дар нуҳ моҳи соли  2018,  Фаъолияти гуруҳҳои тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар шаҳр дар  самти маҳкум намудани  амалҳои ифротгароии ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати ислом, Натиҷаҳои фаъолияти  ситоди  “Обуна  2019” дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ барои обунаи  рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” вазифаҳои дарпешистода, Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои  ибтидоӣ оиди  қабулшавӣ ба ҲХДТ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии “Анҳор” дар назди  ҶДММ “Анҳор”-и шаҳри Бӯстон. Маҷлис таҳти  раёсати  се нафар аъзоёни кумиҷрояи шаҳрӣ Мухторова Г.У.  Раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон,Зокирова М.А.  аъзои Раёсати  кумиҷроияи шаҳрӣ, Раиси   Шӯрои собиқадорони назди КИ ҲХДТ дар шаҳр, Қурбонов Р.Б., аъзои кумиҷроияи шаҳрӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардид. Оиди масъалаи аввали маҷлис Раиси маҷлис Мухторова Г.У.  ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давоми нуҳ моҳи соли 2018 ҳисобот дод.  Оид ба масъалаи  дуюми рузнома Фаъолияти гуруҳҳои тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар шаҳр дар самти маҳкум намудани амалҳои ифродгароии ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати ислом раиси маҷлис баромад намуда, суханро ба аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Раҷабов Абдуманном дод. Раҷабов А. Оиди амалҳои ифродгароии  ин ҳизби террористӣ сухан кард ва таассуроти бардоштаи ҷавононро оиди тамошои филмҳои ҳуҷҷатии “Решаҳои ноаён” ва “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баён намуда, амалиётҳои ин ҳизбро қатъиян маҳкум намуд. Рузномаи  дигари маҷлис Натиҷаҳои фаъолияти  ситоди  “Обуна  2019” дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ барои обунаи  рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва вазифаҳои дарпешистода баррасӣ гардид.  Қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба  аъзошавӣ  ва  лоиҳаи  қарори   кумиҷрояи шаҳрӣ  оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии нав дар назди  ҶДММ  “Анҳор”  қироат карда шуда, ба овоз монда шуд, қарорҳои мазкур  тасдиқ карда шуданд.  Зокирова М.А. оиди фаъолияти  аъзоёни раёсати  кумиҷроияи шаҳрӣ дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фарҳангӣ сухан карда,  фаъолияти кумиҷроияро дар ин самт  дар давраи нуҳ моҳи  соли 2018 қаноатбахш ҳисобид. Аъзои раёсат, аъзои кумиҷроияи шаҳрӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Қурбонов Р.Б.  оиди саҳмгузории кумиҷроияи шаҳрӣ дар ҳамкории вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр сухан карда, баён намуд, ки дар оянда низ аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр корҳои ободонӣ дар самти  ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ ва  гулзоркунии   мавзеҳои истироҳатии  шаҳр идома дода мешавад. Дар охири маҷлис ба 6 нафар ҷавонони шаҳр тибқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидое, ки ба кумиҷроияи шаҳрӣ ворид гардидаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Бо ташаббуси  КИ ҲХДТ дар шаҳр ба раиси ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и кумиҷроияи шаҳрӣ Нуриддинзода  Шариф  ва аъзои фаъоли  гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар шаҳр аз ҳисоби занон Маннонова Мавҷуда Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр  супорида шуданд.      Аз ҷониби аъзоёни кумиҷроия ба раисони ташкилотҳои ибтидое, ки дар маъракаи ғунучини пахта фаъолияти худро нишон дода,  сазовори Сипосномаҳои Раиси вилояти Суғд гардиданд,  миннатдорӣ изҳор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>