Фаъолияти нӯҳмоҳа ҷамъбаст гардид

ПАНҶАКЕНТ. Дар бинои Кумити иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2018 доир гардид. Дар кори он намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент- сармутахассиси Шӯъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Солеҳзода Турдибой, аъзоёни раёсат, кумитаи иҷроия фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб ва  кормандони Кумитаи иҷроия иштирок доштанд. Маҷлис таҳти раёсати Мурод Шукурзода- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сурат гирифт. Дар маҷлис 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2018 раиси Кумитаи иҷроия суханронӣ намуд.  Шукурзода Мурод зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти фарогир дошта, аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент низ ба ҲХДТ садоқати бепоён доранд. Соли 2018 бо фаъолияти хизбӣ оид ба баланд бардоштани нақши ҳизб дар ҷомеа корҳои тарѓиботию ташвиқотӣ дар байни аъзоёни ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ зиёд карда шуда, бо шукргузорӣ аз фазои ором ва сулҳу ваҳдати пойдор  дар ватан  барои иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказию вилоятӣ ва дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ, зиёд намудани аъзоёни ҳизб аз ҳисоби фаъолон дар ташкилотҳо, корхонаю муассисаҳо корҳои тарѓиботӣ– ташвиқотӣ идома дода шуд. Қайд гардид, ки дар ин муддат омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба роҳ монда шуда амалҳои хайру накӯ, боздид аз қисмҳои ҳарбӣ, гузаронидани як қатор чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуд. Дар идомаи маҷлис раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ҳамида Холова, муовини раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии КМ «Зарафшон» Муҳаммадиев Тӯйчибой оид ба корҳои иҷронамудааш дар ин муддат гузориш доданд. Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома ташкили обуна  ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Фарвардин» гузориши мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Лутфуллоев Бурсӣ шунида шуд. Ӯ дар гузориш рафти ташкили обунаро дар як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ нокифоя арзёбӣ намуд. Дар маҷлис оид раиси Кумитаи иҷроия ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани корҳои тарғиботӣ дар мавзӯҳои муҳими рӯз, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, «Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 550 солагии Саразми бостон, дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои фархунда ба ҳизбиён дастур дод. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод қайд намуд, ки Кумитаи иҷроия минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар самти амалӣ намудани талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, иқдомҳои неку созандаи сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои ободонӣ дар ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавони воқеан фаъолу соҳибмаърифат ва бунёдкор, ҷалб намудани қувваи фаъоли ҷомеа ба сафи ҲХДТ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар санаҳои  фархунда саҳми арзандаи худро мегузорад. Маҷлис аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарор қабул намуд. Бо ҳамин маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроия ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>