Натичагирӣ аз фаъолияти 9-моҳаи соли 2018

МАСТЧОҲ. Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Маҷлиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо иштироки ҳамаи аъзои кумиҷроияи ноҳия, раёсат, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони ВАО аз рӯи масълаҳои зерин даъват карда шуд:  Ҳисоботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ барои 9 моҳи соли 2018; Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ барои 9 моҳи соли 2018; Вазъи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ барои соли 2019 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ; Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баромад карда, доир ба фаъолияти кумиҷроия дар 9 моҳи соли 2018 ҳисобот дод. Мавсуф иттилоъ дод, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар 47 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 4076 (ба санаи 1 октябри соли 2018) нафар аъзои ҳизб, аз ҷумла 1833 нафар ҷавонон ва 1829 нафар занонро муттаҳид намудааст.  Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 210 чорабиниҳои тарғиботию садҳо суҳбатҳои гуногунсатҳ барои тарғиби ғояҳои ҲХДТ ва зиёд намудани аъзои ҳизб роҳандозӣ гардида, натиҷаи мусбӣ ҳам доданд. Маҳз пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ буд, ки дар ин давра 321 нафар ба сафи ҲХДТ шомил шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 нафар зиёд аст, — таъкид намуд Д. Зокиров. Сипас тибқи таклифи аъзои кумиҷроия масъалаи дуюми рӯзнома низ баррасӣ шуд. Аз рӯи масъалаи дуюм муҳосиби кумиҷроия Табаррук Мӯсоев ҳисобот дода, иттилоъ дод, ки дар 9 моҳи соли 2018 кумиҷроияи ноҳиявӣ ба маблағи 141062 сомонӣ даромад ва 124541 сомонӣ хароҷот кардааст, ки ҳамаи маблағҳои воридшуда дар асоси Оиннома мақсаднок сарф шудаанд. Аъзои фаъоли ҳизб, собиқ раисони кумиҷроия Абдуфаттоҳ Қурбонов ва Мирзошариф Шарифов ба музокира баромада, фаъолияти кумиҷроияро қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва бештар кардани аъзои ҳизб пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Аз ҷумла, Абдуфаттоҳ Қурбонов пешниҳод кард, ки на танҳо дар ташкилоту муассисаҳо, дар деҳоту маҳалаҳо низ бо ҷалби аҳолӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шаванд. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома, раиси ноҳияи Мастчоҳ, узви кумиҷроияи ноҳиявӣ ва вилоятии ҲХДТ Ғайрат Азиззода баромад намуда, оид ба зарурати обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ ибрози андеша кард. Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, онҳоеро, ки нақшаи обунаро иҷро кардаанд — Ҷамоати деҳоти Навбаҳор (раисаш М. Байзоқов), КФД БММҒ (директор У. Зокиров), МТД Коллеҷи кишоварзӣ (П. Мухаммедов)-ро тавсиф карда, он ташкилоту муассисаҳое ки ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Нигоҳи халқ” умуман обуна нашудаанд – раёсати кишоварзӣ, бахшҳои САҲШ, меъморию шаҳрсозӣ, филиалҳои бонкҳои Эсхата, Амонатбонк, Аввалин бонки молиявии хурд, бозорҳои ноҳия, ҶДММ “Ҷаъфар”, “Амир — Шукур”, “Музаффар К”, “Вализода”, “Шариф Асад”, “Сохтмон”, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Палдорак, Обшорон ва Суғдиён, шуғли аҳолӣ, ташкилоти ҷамъияти обрасонӣ ва дигар шахсони масъулро зери накуҳиш қарор дода, иброз дошт, ки обуна шудан ба нашрияҳои ҲХДТ вазифаи муқаддаси ҳар аъзои ҳизб аст. Мавсуф он ташкилоту муассисаҳоеро, ки нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Нигоҳи халқ”-ро иҷро накардаанд, вазифадор кард, ки дар давоми як ҳафта нақшаро иҷро карда, гузориши хаттӣ пешниҳод намоянд. Сипас ба Саёҳат Қодирова, мудири бахши кор бо занон ва оила билети ҳизбӣ ва ба аъзои фаъоли ҳизб Абдуфаттоҳ Қурбонов, Абдуғанӣ Шехов, Нодира Салимова, Қурбонмаҳмад Ҳоҷиев, Муҳаббат Шарифова, Асириддин Ҳасанов, Покиза Юсупова ва Муҳаммадзоир Алимзода “Сипоснома”-ҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ тақдим карда шуданд. Дар охир аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>