Ҳизбиён фаъолияти 9-моҳаро ҷамъбаст карданд

IMG_7636

ИСФАРА. Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара  мутобиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 10 – уми октябри соли 2018 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои гурӯҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони васоити ахбори омма, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ иштирок карданд. Дар маҷлиси раёсат масъалаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар нуҳ моҳи соли 2018 ва тасдиқи қарорҳои кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар бораи қабул ба сафи ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баробари қабули қарорҳо оид ба тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, қабули сифатноки аъзои ҳизб, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳамчунин дар назди аъзои гурӯҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ вазифаҳои мушаххас бобати сафарбар кардани соҳибкорону шахсони саховатпеша дар татбиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бобати таъмини иҷрои сифатноку саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>