Фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроия ҷамъбаст гардид!

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи ҶСК ба номи «Абдураҳим Ҷумаев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки аъзоёни кумитаи иҷроия, раисони КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Гулбеков Гулбек Ҷӯрабекович ширкат варзид. Аз рӯи масъалаи рӯзнома «Дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нӯҳ моҳи соли 2018» раиси кумитаи иҷроия Анварзода А., маърӯза намуда, оид ба ҳамаи паҳлӯҳои самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2018 муфассал истода гузашт.  Роҷеъ ба маъруза Қаландарова М., – муовини озоди КИИ минтақаи Овчиқалъача, Ҷӯраева М.,- муовини озоди КИИ минтақаи Хистеварз ва Абдуллоева Лола – раиси ташкилоти ибтидоии минтақаи Исмоил ба музокира баромаданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Гулбеков Гулбек Ҷӯрабекович зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо мақсади иҷроиши Амри Президенти ҶТ, амалигардонии Барномаи пешазинтихоботӣ ва ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, дар ҳақиқат, бисёр корҳои ободониро ба анҷом расонидааст. Чуноне, ки огаҳӣ доред, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16.02.2018 сол оид ба сохта ва ба истифода додани бино маҳмурии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, дар маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ қомат афрохта дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Инчунин, саҳми арзандаи аъзоёни ҲХДТ дар  маъракаи Обуна -2019 ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» қайд кардан бамаврид аст, ки яке аз аввалинҳо шуда, маъракаи обунаро сад дар сад иҷро намуд. Аз ин рӯ таклиф менамоям, ки фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаноатбахш ҳисобида шавад. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои баромадкунандаҳо, оиди масъалаи рӯзномаи маҷлис қарори дахлдор қабул карда шуд.

One Response to Фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроия ҷамъбаст гардид!

  1. Назаров Н:

    Салом. Кормандоя табрик чамъбасти обуна кати.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>