Баргузории маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ

Рӯзи 10 октябр Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 08-00 дар маҳалли зисташ баргузор шуд. Маросими видоъ бо шоир бо ҳузури садҳо нафар дӯстону пайвандон, аҳли зиё, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва алоқамандони шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ сурат гирифт ва номаи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ба самъи пайвандони марҳум расонид.  Ёдовар бояд шуд, ки Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз кардаву дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонид. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз мебахшад. Нурмуҳаммад Ниёзӣ сипас дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд будааст. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Марҳум муаллифи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра мебошад. Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба наздикону пайвандони Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва алоқамандони шеъри ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>