Маҳкум мекунем

SKU223644(1)

ИЗҲОРОТ. Аъзои фаъоли ҲХДТ  аз Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон   суханронии роҳбари ҳайати Тоҷикистон –муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидзодаро дар анҷумани Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мутолиа намуда, онро пурра ҷонибдорӣ менамоем. Роҳбари ҳайати вакилони Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода ин созмонро воқеан ҳам, дуруст айбдор мекунад, ки чаро ХНИ, ки ҳамчун ҳизби террорист ва манъшуда шинохта шудааст, дар ҷаласаи созмон ширкат меварзад. Илова бар ин, роҳбари ҳайати вакилони Тоҷикистон дар суханрониаш хеле бамаврид қайд мекунад, ки ифротгароҳоро ба худиву бегона ҷудо кардан андешаи нодуруст аст. Зеро мо хуб медонем, ки террорист миллат, мазҳаб, ватан надорад. Вақте ки чунин аст, чӣ тавр метавон онҳоро ба худиву бегона ҷудо кард, бинобар ин террорист –террорист аст. Мо зиёин низ талаб менамоем, ки ХНИ набояд ба чунин нишастҳо раҳ ёбад!  Аъзои ҳизби  донишкада ба андешаҳои ботили ХНИ дар анҷуман   эътироз баён менамояд. Суханони раиси ҲНИ «дар кишвари мо то ҳол ҷараёни зидди истиқлолият ҳукмронӣ мекунад» як сафсатаи хушку холӣ мебошад. Зеро ҳукумат кишвар барои ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ  мубориза мебарад. Инчунин, раиси ХНИ дар суханрониаш борҳо истилоҳи «инсони мустақил»-ро истифода бурда таъкид намудааст, ки маънии асосии истиқлолро бояд шахси мустақил ташкил диҳад. Ба ин «ҳикмат»-и ӯ мо посух медиҳем, ки ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрванди Тоҷикистон дар Конситутсияи соли 1994 ифода ёфтааст, ки он яке аз демократитарин конситутсияҳои дунё мебошад.  Мо мардуми кишвар  инсонҳои озоду мустақил будем, ки дар зарфи 27 соли истиқлолият ба истиылоляти энергетикӣ соҳиб гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем ва  амнияти озуқавориро   таъмин намудем. Инчунин раиси ХНИ дар анчуман пешниход намудааст, ки созмоне бо номи «Паймони миллӣ» таъсис дода мешавад. Маънии ин иттиҳод маълум аст, яъне мехоҳад боз ХНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ бо номи нав созмон диҳад. Имрӯз ҷомеаи мо ба чунин созмону паймонҳо ҳеҷ гуна ниёз надорад.

                                                                   Аъзои ташкилоти ибтидоии

                                                            « Маърифат»-и ш. Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>