Мулоқоту вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо

АШТ. Шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт ҷиҳати тарғиби расман оғоз гардидани даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ дар ин самт як зумра тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри вусъат бахшидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Рӯзи гузашта аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар корхонаву муассисаҳо ва кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодоба вобаста ба ин мавзӯъ мулоқоту вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо доир намуданд, ки ба чорабинии мазкур зиёда аз 200 нафар фаро гирифта шуданд. Зимни баргузории он ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», баромадҳои пурмӯҳтавои сарвари тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бобати ин масъала, истифодаи оқилона ва самараноки об ва ғайраҳо ба мардум фаҳмонида дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки эълон гардидани Даҳсолаи банйалмилалӣ ин боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хохад шуд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираи бойи обҳо маҳсуб ёфта, ҳифзи шаффоф нигоҳ доштани ин сарвати бебаҳои табиат бар зиммаи ҳар яки мост. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зиёда аз 150 адад варақаҳои таблиғотӣ вобаста ба ин чорабинӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>