Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

???????????????????????????????

ЗАФАРОБОД. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади дарёфти бонуҳои ҳунарманд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар назди фарҳанги ноҳияи Зафаробод чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифов, мудири кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азизова Р, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳунармандон аз деҳаҳои ноҳия ва ҷавонон иштирок намуданд. Ҳунарҳои мардумӣ ба монанди адрасбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳо ба намоиш гузошта шуданд. Аз гуфтаи ҳунармандон, ҳунар сармояи  арзишмандест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Бинобар ҳунармандони моҳир, нозикиҳои ҳунарро ба шогирдон ва наслҳои оянда меомӯзанд, ки бевосита барои пешравии зиндагиашон мусоидат намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>