Афзоиши аъзои ҲХДТ

20181003_104746

АШТ. Дарёфт ва қабули шахсони содиқ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз ҷониби масъулини ҳизбӣ бомаром идома дошта, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб тамоми ҷидду ҷаҳди хешро баҳри сифатан беҳтар намудани сафҳои хеш равона намудааст. Дар назди роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҷустуҷӯи роҳу усулҳои муосири корбарӣ нисбати ҷалби шаҳрвандон ба ҳизб пеш гузошта шуда, дар ин самт муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Дар натиҷаи корбарӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 620 нафар аъзоёни санҷидашуда ба аъзогии ин ҳизби бонуфузи кишвар шомил гардиданд. Рӯзи гузашта ба як зумра аъзоёни нав қабулгардида, аз ҷумла коркунони Маркази саломатии деҳаи Шодоба, беморхонаи марказии ноҳия, МТМУ №17, литсейи рақами 2  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида, аз ҳар яки онҳо, ки аксарият ҷавонон мебошанд, даъват ба амал овард, ки баҳри амалӣ намудани ғояҳои ҳизбамон кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>