Саҳми арзандаи ҳизбиён

IMG_7637

ИСФАРА. Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар самти тандурустӣ аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳр ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат, инкишофи тибби оилавӣ, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори хоса зоҳир карда ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштанд. Онҳо аз ғамхориву дилсӯзиҳои Сарвари давлат, ки ҳар лаҳза барои зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст, руҳбаланд гашта, имтинон гирифтанд ки минбаъд ҳам барои баланд бардоштани  хизматрасонии тиббӣ ва дар навбати худ барои саҳм гузоштан дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи бештар гузоранд. Дар 9-моҳи соли равон 270-нафар кормандони беморхонаи марказӣ узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пазируфтанд. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастранҷи табибон намоишҳои ҳунарҳои миллӣ борҳо ташкил ва ба сокинони шаҳр пешниҳод гардид. Иқдоми Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин оиди ташкил кардани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ дар ҳамаи минтақаҳои шаҳр ҳаамҷониба дастгирӣ ёфта, иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳраки Шӯроб дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Бахшида ба ин ҷашн давоми бештар аз 1 моҳ кулли аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбии беморхонаи марказӣ дар ободу зебо гардонидани беморхонаи минтақавии шаҳраки Шӯроб саҳми арзанда гузоштанд. Дар беморхонаи марказӣ ба пойдор намудани оилаҳо алалхусус оилаҳои ҷавон аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ҳамаи шуъбаҳои беморхона раисони Шурои занон ташкил карда шудаанд, ки онҳо барои баланд бардоштани интизоми меҳнат, риояи одобу муоширот ва муносибат бо беморон ва хешовандони онҳо фаъолияти худро равона намудаанд. Ҳифзи солимии ҷомеа вазифаҳои муқадастарини табибони беморхонаи марказии шаҳр буда, мунтазам оид ба пешгирии бемориҳо корхои ташфиқотиву тарӯиботӣ гузаронида мешаванд.  Бахусус гузаронидани гардиши дар ба дар, суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳи оид ба  пешгирии беморҳои гунонуни сироятӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Соли равон ободкориву тозакориҳо аз ҷониби панҷ ташкилотҳои ҳизбии дастгирии ҳамаҷониба ёфтанд. Биноҳои фарсуда таъмир, тирезаҳои чӯбин ба тирезаҳои пластиқӣ иваз, саҳни биноҳо, роҳравҳо ва даромадгоҳи беморхона азнавсозӣ гаштанд. Дар ҳудуди беморхона зиёда аз 6000 гулҳои мавсимӣ, 1200 дона гулҳои садбарг, 46 адад арчаҳои ҳамешасабз ва дар ҳамаи майдончаҳои назди шуъбаҳо алафи ҳамешасабз кишт карда шуд, ки ба руҳияи беморон шодию фараҳ мебахшанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>