Тарбияи ватанпарастӣ пешаи мост

????????????

АЙНӢ. КИ ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Втан” баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтаарм Эмомалӣ Раҳмон, корҳои тарғиботиву ташкилиро вусъати тоза бахшида, бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти Фондарё таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳамиёни ин Ватанем” вохӯрии судманд доир намуд.Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронӣ гуфт: “Барои ҳифзу нигоҳубини ин сарзамини муқаддас бояд ҳар як лаҳза ва ҳар шабу рӯз зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҷавононро дар руҳияи омодагии ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намоем”.   Ҷавонони меҳанпарсти деҳаҳои Ҳайронбед, Ҷиҷик, Туда, Нарвад, Саратоғи Ҷамоати деҳоти Фондарё дур аз Ватан иттиҳодияи “Искандаркул”- ро таъсис дода, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки як силсила корҳои ободониро дар якҷоягии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия анҷом диҳанд. Хусусан, иқдом гирифтанд, ки ҷавонони фаъоли хешро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар раҳнамоӣ кунанд, токи онҳо ҳимоятгари марзу буми хеш шаванд.  Ҷолиби қайд аст, ки соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои иттиҳодияи “Искандаркул” бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ  як варзишгоҳи хурди замонавӣ сохта, барои мактаббачагони деҳаи Диҷик тӯҳфа намуданд. Соли ҷорӣ дар деҳаи Нарвад варзишгоҳ бо масоҳати 45х45 ба тарзи замонавӣ бо харҷи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки ҳоло лоиҳаи онро мутахассиси ҷавон Шуҳрат Неъматуллоев  пешниҳод намуда, ҳамсолонаш Рустам Набиев ва Умед Машрапов корҳои ташкилиро ба уҳда гирифта, дар муддати кӯтоҳ сохтмонро босифат ба итмом расониданд ва  бо иштироки раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода он  ба истифода дода шуд. Сохтмони варзишгоҳ –наврӯзгоҳи калон, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳрезӣ шудааст  корҳои сохтмонии он  идома меёбад. Созмони ҷавонони “Ватандӯст” тасмим гирифтааст, ки барои сохтмони ҳамин иншоот ҳиссаи худро гузоранд. Таҷриба, ташаббускорӣ ва ободкориҳои ҷавонони иттиҳодияи “Искандаркул” асосан берун аз марзи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Екатеренбурги Федератсияи Россия қарор доранд, ки боиси ифтихор ва дастгирист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>