Ҷамъбасти фаъолият

???????????????????????????????

ДЕВАШТИЧ. Дар маҷлисгоҳи шӯъба маорифи ноҳия бо иштироки аъзоёну намояндагони соҳаҳои гунонгун маҷлиси ҷамъбастии нӯҳ моҳаи Кумитаи Ҳизби Халқи Тоҷикистон дар ноҳия Деваштич доир гардид. Сараввал Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Исмоилиён Комрон аз рӯи масъалаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2018 баромад кард аз ҷумла қайд гардид, ки мақсаду ҳадаф ободии Тоҷикистони азиз аст. Дар ноҳия 69 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вуҷуд дошта, дар якҷояги фаъолнокию пешсафиро аз даст намедиҳанд ва иҷрои саривақтии дастурҳои роҳбариятро роҳандозӣ мекунанд. Ҳамешагӣ дар кӯшишем то бо мардум бисёртар мулоқот кунем. Бо мақсади тарғиби дастовардҳо дар нӯҳ моҳ аз қабили ба низом даровардани утоқҳои ҳизбӣ, бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълони озмунҳо, муайян намудани инфрасохторҳои сайёҳи ва ташаккули ҳунарҳои мардумӣ, таҷлили Рӯзи Модар ва мулоқот бо сарбозону волидайни онҳо,қадршиносии бонувону ҳавасмандии кӯдакон бахшида ба ҷашнҳо, дидан намудан аз рафти омодагиҳо ба соли нави таҳсил ва ҷашнҳои давлатӣ, мулоқот бо пирони рӯзгордида ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ, дастгирии наврасону ҷавонони болаёқат, баргузории мусобиқаи варзишӣ ва ғайра баргузор карда шуд. Сипас Муовини раиси ноҳия Б. Ғиёсинддинзода суханрони намуд. Исмоилиён Комрон иброз дошт, ки бо мақсади ҷалбу санҷиши истеъдоди таърихнигорию бостоншиносии омӯзгорону шавқмандони таърих, донишмандон, рӯзноманигорон, тарғиботяиёну ҷавонони болаёқат, ки дар муаррифии таърихи диёри хешу мавзеъҳои сайёҳӣ, фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифз ва афзунгардонии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар фаъолона ширкат меварзанд, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаву сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии ноҳия, ташкили маҳзани ягонаи иттилоот доир ба таърихи ноҳияву маҳал, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии асили маҳаллӣ озмуни ноҳиявии «Беҳтарин мавод, мақола ва маълумот бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда мешавад. Ҳамчунин ба аъзоён сипоснома ва шањодатномаи аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>