Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа

20181010_145120

КОНИБОДОМ. Санаи 10 октябри соли ҷорӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар толори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилоти ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид. Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома «Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом» раиси кумиҷроия Бобоҷонзода А  маърӯза намуда, оид ба ҳамаи паҳлӯҳои самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2018 муфассал ҳисобот дод. Роҷеъ ба маърӯзаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии БМН Ғаффоров А, аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» Орипов Н, омӯзгори МТМУ 29 Толибова М ба музокира баромаданд.  Ҷонишини Раиси шаҳр Ҳомидӣ И аз фаъолияти нӯҳмоҳаи кумиҷроияи ҲХДТ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ислоҳу камбудиҳои норасоиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, интизоми дохилиҳизбӣ, қабули босифати аъзои ҲХДТ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ ба ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз рӯи масъалаи дуввуми маҷлис Раиси кумиҷроия Бобоҷонзода А оид ба рафти «Обуна-2019» ва корҳои ташкилии сохтмони бинои КИ ҲХДТ баромад намуда, ба масъулин вазифагузорӣ намуд. Инчунин дар вазъияти тантанавӣ барои якчанд фаъолони ҲХДТ сипоснома ва барои якчанд ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>