Дар иҷрои рисолати хеш масъул бошем

4

ХУҶАНД. Бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ҷаласаи навбатии кумиҷроия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи вилоятӣ Фирдавс Саидов, аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади худ таъкид дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳама бахшҳои кумиҷроия баҳри боз ҳам бо дастовардҳои азими меҳнатӣ истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолиятии давлатӣ равона гардидааст. Мавсуф бо мисолҳои воқеӣ вазъи қабули аъзо ба сафи ҳизб, фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ  ва низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар онҳо, рафти ҷараёни қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолиятро ба риштаи таҳлил кашида, аз аъзоёни кумиҷроия, масъулони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ даъват ба амал овард, ки бештар назди халқ раванд, аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огаҳ ва барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда роҳнамои онҳо бошанд. Илова бар ин, баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ, пардохти саривақтии маблағи аъзогӣ, мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои ҳизбӣ барои боз ҳам бештар ҷалб шудани аъзо мусоидат мекунад. Дар идомаи гузориш таъкид намуд, ки фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ новобаста аз ҷашну маросимҳо бояд аёдати шахсони яккаву танҳо, бемору маъюбонро ба роҳ монда, дар ободии диёр саҳмгузор бошанд. Музокирачиён раиси ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳи стомотологии вилоят» Илҳом Саидов, намояндаи ташкилоти ибтидоии «Дента» Сурайёхон Пӯлотова,  ва намояндаи ташкилоти ибтидоии «Саидҷон Усаров» Мунира Аъзамова аз корҳои анҷомдодаи ташкилотҳои худ ҳисобот доданд. Раиси комиссияи тафтишотӣ, доктори илмҳои иқтисод Абдумавлон Азимов зимни додани ҳисоботи молиявӣ зикр сохт, ки аз 16620 нафар аъзои ҳизб 7966 нафар аъзои ҳизб тибқи талаботи Низомнома дар бораи фаъолияти ҲХДТ аз пардохти ҳаққи аъзогӣ озоданд. Аммо вазъи пардохти аъзоҳаққӣ дар баъзе аз ташкилотҳои ибтидоӣ беҳбудӣ мехоҳад. Зеро фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ аз чигунагии вазъи пардохти аъзоҳаққӣ вобаста аст. Котиби масъули нашрияи ҳизбии шаҳрӣ «Шафақ», аъзои комиссияи доимоамалкунанда дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои матбуотӣ, таблиғотӣ ва фарҳангӣ Абдусабур Абдуваҳобов фаъолияти нӯҳмоҳаи комиссияро натиҷагирӣ намуда, зикр сохт, ки дар ин давра наздик 100 вохӯриҳо вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар доир карда шуда, сокинон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нуктаҳои муҳими Паём огоҳии комил  ёфтанд. Вале ба андешаи мавсуф кор дар самти вокниш нишон додан ба мақолаҳои муғризонаи душманони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳбудиро талаб мекунад. Зеро ҳамкории ташкилотҳои ибтидоӣ бо васоити ахбори омма, хоссатан бо нашрияҳои ҳизбӣ камсамар аст. Дар ин111 давра танҳо бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ ва кумитаҳоии иҷроияи ибтидоии ба номи Осимӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сомон ва Инқилоб наздики 3000 вокунишҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ карда шуд, ки ин рақам кам аст. Бояд фаъолони ҳизб дар ин ҷода бетараф набошанд. Номбурда ҳамзамон бо мақсади боз ҳам хубтар намудани мӯҳтавои нашрияи «Шафақ», ҷалби рӯзноманигорони варзида ба ҳамкорӣ, сифатан хуб кардани нашрия ба аъзоёни кумҷроия таклиф пешниҳод кард, ки минбаъд нашрия тариқи обуна ба хонандагон расонида шавад. Зеро 4 сол ин ҷониби нашрияи «Шафақ» ройгон ба хонандагон дастрас мешуд. Ин тадбир барои саривақт ва хонданбоб шудани нашрия мусоидат мекунад. Раиси кумиҷроия дар ҷамъбасти ҷаласа зикр намуд, ки фаъолияти ҳизбиён аз ҳар вақта дида бояд хубтару бештар шавад, зеро дар пеш моро маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботҳо интизор аст. Бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дигар самти мақсадноки корамон бояд бошад. Ба чанде аз фаъолони ташкилотҳои ибтилоӣ дар вазъияти тантанвӣ Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Бо тасдиқи лоиҳаи қарорҳо ҷаласа ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>