Озмуни «Тирамоҳи заррин»

IMG_2864

ГУЛИСТОН. Дар Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ» бо мақсади омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хеш, нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, инкишофи шахсияти эҷодкор, муайян ва дастгирии ҷавононе, ки майл ба фаъолияти тадқиқотӣ ва амалӣ оид ба муҳити зист доранд, бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба иди «Меҳргон» озмуни «Тирамоҳи заррин» байни  муассисаҳои таълимии шаҳру шаҳракҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой баргузор гардид. Дар  озмун ҳамчун ҳайси ҳакамон мудирони шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А, Раҷабова Г.М, сармутахассиси БХДН, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маориф ва дигарон иштирок доштанд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» тибқи Низомнома аз рӯи се шарт бо иштироки омӯзгорон ва ҷавондухтарону ҷавонписарони муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо гузаронида шуда, аз рӯи бахши «Намоишгоҳи беҳтарин», муассисаи № 7, №12 ва №13  шаҳраки Адрасмон, аз рӯи бахши «Саволу ҷавоб» муассисаи №14 ва аз рӯи бахши «Ҳимояи реферат ва рисола» муассисаҳои № 7  шаҳраки Адрасмон дониста шуданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» шаффор гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, беҳтаринҳо ба давраи озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» роҳхат гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>