Машғулияти ҳарбӣ

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамбастаги бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Сипарони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғулияти ҳарбӣ дар пойгоҳи қисми ҳарбии 07746 воқеъ дар шаҳраки Чорух – Дарон боиштироки 150 нафар ҷавонон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Роҳбари ТҶ “Сипарони Ватан” дар ноҳия Ҳайдаров Акмал., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода А. роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагони Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссариати ҳарбии ноҳия иштирок намуда, ҷавонон ва сарбозонро ба хизмати Модар Ватан ва барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз даъват намуданд. 150 нафар ҷавонон ҳамроҳи сарбозон машқи пагоҳирӯзӣ намуда, бо яроқу аслиҳа, техникаҳои ҳарбӣ ва аз ҷойҳои истироҳатии сарбозон аз наздик шиносои намуданд. Аз ҳисоби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 150 нафар иштирокчиёни чорабинӣ хӯроки нисфирӯзӣ дода шуд. Ҷавонон ҳамроҳи сарбозон дар як сари дастархон нишаста доир ба рафти хизмат сӯҳбатҳо ороста дар васфи Пешвои миллат, Ватан, Модар ва Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд. Дар охир ҷавонон ваъда доданд, ки пас аз хатми мактаб ва донишгоҳҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, марзу буми Тоҷикистони азизро ҳимоя менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>