Муқовимат ба экстремизм ва терроризм

IMG_7756

 ИСФАРА. Дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” рӯзи ҷавонони ҳизбии вилояти Суғд баргузор гардид. Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” конференсия дар мавзӯи “Муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар меҳвари ҷавонон” баргузор гардид, ки роҳбарони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҷавонони фаъоли ҷомеъаҳои меҳнатии шаҳри Исфара иштирок доштанд. Дар оғози конференсия раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Бурҳонбек Асадуллоев аз фаъолият ва таҷрибаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризмро маълумот дод. Оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавриди хатари экстремизму терроризм ва дар ин замина пешгирӣ аз ҳаракатҳои ифротӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳри Исфара Оятулло Амонуллоев маълумот дод. Дар мавзӯи “Огоҳонидани ҷавонон аз паёматҳои хатароварӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб” маърӯза аз ҷониби роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода пешниҳодIMG_7698 карда шуд. Андеша дар мавзӯи “Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷавонон” роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Спитамен Умедахон Муҳиддинова баён карда шуд. Баъд аз шунидани маърӯзачиён мубоҳисаи сиёсӣ бо сардории муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов бобати “Ҷабҳаҳо ва услубҳои пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ” гуфтугӯи ошкоро ва хеле ҷидди ба миён омад. Дар фарҷоми мизи мудаввар ба иштирокдорони мизи мудаввар дастурамали тарғиботии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дастури тарғибии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара “Экстремизим ва терроризим – вабои аст” дастрас гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>