МУРОҶИАТИ авиаторони вилояти Суғд ба мардуми шарифи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

imennaya-ruchka

Сараввал ба халқи барӯманду меҳнатқарини шаҳри Хоруғ саломи гарму ҷӯшони авиаторони вилояти Суғдро расонида, ба ҳамаи онҳо осмони софу чеҳраи хандон ва рӯзгори шоду хонаи ободро таманно менамоем. Вазъияти имрӯзаи ин қисмати Ватани азиз моро водор намуд, ки бетарафӣ накарда, ҳамватанони бадахшониро ба шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, бунёдкориву созандагиҳо, пайравӣ аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешравӣ ба сӯи ояндаи дурахшон даъват намоем. Кам нестанд касоне, ки тинҷию оромӣ ва пешравию ободии Тоҷикистони азизро намехоҳанд, ба неъматҳои Худованд ношукрӣ мекунанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки садди рушду нумӯи Ватани азизамон гарданд. Онҳо душманони миллат буда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн мекунанд ва байни мардум тафриқаандозӣ ва мардумситезӣ карда, иғво бармеангезанд. Чуноне ки медонед, тамоми кӯшишу ғайрати Ҳукумати кишвар баҳри сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон, тинҷию оромӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, решакан кардани ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун, беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии халқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва пурнозу неъмат кардани дастурхони мардуми шарифи кишвар равона гардидааст. Аммо барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб монеаҳо ҳастанд, ба монанди дуздону ҷинояткорон, нашъаҷаллобон, фиребгарону авбошон, ки тантанаи қонуният дар кишвар ба фаъолияти ҷиноятии онҳо фишори сахт меоварад. Онҳо бо ҳар роҳ маъракаҳои халъи силоҳ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгир кардани ҷинояткорон, боздошти мошинҳои берақам ва дигар иқдомҳоро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд. Мо шукргузорӣ аз он мекунем, ки имрӯз Ватану мардуми мо озод ва хонадони мардум обод аст, мардум ба ояндаи дурахшони миллату давлат боварии калон дорад ва бо қадамҳои устувор ба пеш, ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав рафта истодааст. Имрӯзҳо ба шарофати тинҷию ободӣ мардум бо дили пур ба гӯшаҳои дуродури Ватанамон ва берун аз он рафта меоянд. Аз кишварҳои дуру наздик ҳам ба Тоҷикистон шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ омада, аз табиати нотакрори Тоҷикистон, мардуми меҳмондӯсти он ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик ба ҳайрат меоянд. Ба ин қадар неъматҳои Худованд шукргузорӣ кардан ба ҳар яки мо қарз аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, мо — авиаторони вилояти Суғд ба мардуми шарифу сарбаланди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат менамоем, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ҷараёнҳои хатарнок, аз ҷумла барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супурдани аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ сарҷамъона ташаббус нишон диҳед. Набояд ки нохалафе ба зиндагии хурраму осоиштаи мардуми азияткашидаи Тоҷикистони азиз халал расонад. Ба ин гуна одамон дар байни мардуми Тоҷикистон ҷой нест ва набояд бошад.

 

Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ

Зимни ташриф ба ВМКБ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ироа гардид, дастуру супоришҳои мушаххас доир ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёд ва таҷдиди муассисаҳои иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муҳайё сохтани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон баён гардиданд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар ин радиф Президенти кишвар вобаста ба бетарафи зоҳир накардани сокинони шаҳри Хоруғ дар роҳи пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ инчунин ҳамкории судманд намудан бо мақомотҳои қудратӣ баҳри пешгирӣ ва қатъ намудани хариду фуруш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирсуханронӣ намуд. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо боварии пурра ба сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ муроҷиат намуда қайд менамоянд, Роҳбари давлат ба мардонагӣ ва ҷасурии истиқоматкунандагони ин шаҳр итминони комил дошта маҳз барои бартараф намудани ин мушкилот ба онҳо муроҷиат намудааст. Бинобар ин набояд боварии Роҳбари давлатро сарфи назар кард. Аз ин лиҳоз биёед мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғ ғурури куҳистонии худ ки мо низ аҳолии ноҳияи Мастчоҳ мардуми куҳистон мебошем боз як маротибаи дигарба монанди Қаҳрамонҳои миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон нишон дода, дар таъмин намудани амнияти давлати азизамон саҳми арзандаи худро гузорем ва намонем, ки нохалафон теша ба решаи истиқлолияти ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон бизананд. Нагузорем ки мақсадҳои нопок ва ғаразҳои сиёсии худро берун аз кишвар истода тавассути ду се гуруҳи нохалафони палид ки дар дохили шаҳри Хоруғ аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ карда мешаванд амалӣ созанд. Мо бояд шукрона аз он кунем ки дар чунин Ватани азизу маҳбуб зиндагӣ намуда истодаем. Агар тарзи зисту зиндагии ҳозираамонро бо солҳои 1992-1997 ва соҳои 2012 муқоиса намоем як ҷаҳон дигаргуниҳоро мебинем. Мебинем ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кушишҳои беандоза ва ғамхориҳои бепоёни Пешвои миллат чиқадар пеш рафтааст. Мебинем ки дар ин муддат чи қадар мактабу муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ҳамаи ин аз ғамхорӣ, бедорхобӣ ва заҳматҳои Президенти кишвар шаҳодат медиҳанд. Бинобар ин мо бояд ба қадри ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷиву оромие ки дар мамлакат ҳукмфармост бирасем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>