МУРОҶИАТНОМАИ коллективи меҳнатии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

images

Аҳли коллективи бисёрнафараи Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд вобаста ба вазъияти ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри маводҳо ва баёни андешаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати воқеии ин сарзамини биҳиштосо ва дарвозаи тиллоии Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифу бофарҳанги ин минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, нисбат ба замини муқаддасу поки аҷдодӣ, ки аз ниёгон мерос мондааст ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед. Дар ин лаҳзаҳо душманону хоинони миллат аз ҳамаи воситаҳо истифода бурда, мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро амали намоянд ва бо фармоиши хоҷагони худ бо ҳар роҳу восита аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳоеро паҳн менамоянд, ки аз асли воқеият тамоман дур аст. Ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд, ки ин ҳама бофтаҳои бардурӯғ мебошад. Бовари дорем, ки тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз,  пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд, ки ин хилофи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин сарзамини биҳишосои кӯҳистон, ки бо фарҳанг ва анъанаҳои қадима, мардуми баору номус ва ватандӯсташ шӯҳрат дорад, имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба як гӯшаи ободу пешрафтаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин пешравиҳо ва фазои орому осудаи кишварро ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша дидан намехоҳанд ва баҳри амали намудани ҳадафҳои нопоки худ ба ҳар гуна  амалҳои ношоиста ва ноҷавонмардона даст мезананд. Мо, сокинони кишвар аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат, чун Хатлону Зарафшон, Ҳисору водии Рашт, вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон ва ҳатто дурдастарин деҳаву ҷамоатҳои Тоҷикистон  корҳои созандагиву ободкорӣ ҷараён дорад. Ин бунёдкориҳоро аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон, ки худро «пешво»-и мардум эълон намудаанд, дида наметавонанд ва барои амали намудани ҳадафҳои нопоки худ байни мардум тафриқа меандозанд. Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо зиндагӣ мекунад, мисли ғулом ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро  муқобилият ба мардум унвон мекунад. Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои ин гурӯҳи хиёнаткор дигар бовар нахоҳад кард, чун имрӯз мардуми шарифи Баданшон аллакай мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонад Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба ҳамаи мардуми шарифи диёри куҳанбуёд, муроҷиат мекунем, ки  дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.

Бо эҳтиром колективи кормандони
Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>