МУРОҶИАТ БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ХОРУҒ АЗ НОМИ АЛОҚАЧИЁНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

p29941_artskills

Мӯҳтарам сокинон ва бошандагони шаҳри Хоруғ! Мо, кулли алоқачиёни вилояти Суғд ба Шумоён муроҷиат намуда, эҳтиромона гуфтанием, ки барои пойдор намудани сулҳуосоиш дар ватани азизамон, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саъю кӯшиш намоед. Он силоҳҳое, ки ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешаванд, ихтиёран ба кормандони мақомотҳои қудратӣ супоред, ҳамчунин барои ихтиёран ҳозир шудани ҷинояткороне, ки имрӯз аз таъсири ҳар гуна қувваҳои ифротгаро гумроҳ шудаанд, мусоидат намоед. Таъмини фазои оромӣ ва осудагӣ, сулҳу субот дар кишвар омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар баробари кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мо бояд кӯшиш ба он харҷ диҳем, ки аз тарафи шаҳрвандон ва дигар бошандагони ҷумҳурӣ ба қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ роҳ дода нашуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари он таъмин гардад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ҳар гуна ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгаро фаъолона амал намуда, барои сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ва сохтори конститутсионӣ, халалдор сохтани зиндагии орому осоиштаи оммаи халқ, бахусус давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода аз қабили Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамоянд. Баҳри роҳ надодан ба густариши чунин қувваҳо ва мустаҳкам кардани сохтори давлатдорӣ, паст кардани сатҳи содиршавии ҷиноят бояд пеш аз ҳама тамоми силоҳҳои пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ, ки бархе аз одамон то ҳол нигоҳ медоранд, ба намояндагони мақомотҳои кудратӣ супорида шавад. Зеро он рӯзҳои мудҳиши ҷанги бародаркуши солҳои 90-ум ҳоло ҳам дар хотири тоҷикистониён буда, ҳеҷ кас онҳоро фаромӯш накардааст. Барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон, таъмини амният ва ягонагӣ дар ҳама гӯшаву канорҳои он ҳар як шаҳрванд бояд ҷиддӣ ва масъулона муносибат намуда, бетараф намонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>