Муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ

pisma

Зимни ташриф ба ВМКБ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ироа гардид, дастуру супоришҳои мушаххас доир ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёд ва таҷдиди муассисаҳои иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муҳайё сохтани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон баён гардиданд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар ин радиф Президенти кишвар вобаста ба бетарафи зоҳир накардани сокинони шаҳри Хоруғ дар роҳи пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ инчунин ҳамкории судманд намудан бо мақомотҳои қудратӣ баҳри пешгирӣ ва қатъ намудани хариду фуруш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирсуханронӣ намуд. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо боварии пурра ба сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ муроҷиат намуда қайд менамоянд, Роҳбари давлат ба мардонагӣ ва ҷасурии истиқоматкунандагони ин шаҳр итминони комил дошта маҳз барои бартараф намудани ин мушкилот ба онҳо муроҷиат намудааст. Бинобар ин набояд боварии Роҳбари давлатро сарфи назар кард. Аз ин лиҳоз биёед мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғ ғурури куҳистонии худ ки мо низ аҳолии ноҳияи Мастчоҳ мардуми куҳистон мебошем боз як маротибаи дигарба монанди Қаҳрамонҳои миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон нишон дода, дар таъмин намудани амнияти давлати азизамон саҳми арзандаи худро гузорем ва намонем, ки нохалафон теша ба решаи истиқлолияти ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон бизананд. Нагузорем ки мақсадҳои нопок ва ғаразҳои сиёсии худро берун аз кишвар истода тавассути ду се гуруҳи нохалафони палид ки дар дохили шаҳри Хоруғ аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ карда мешаванд амалӣ созанд. Мо бояд шукрона аз он кунем ки дар чунин Ватани азизу маҳбуб зиндагӣ намуда истодаем. Агар тарзи зисту зиндагии ҳозираамонро бо солҳои 1992-1997 ва соҳои 2012 муқоиса намоем як ҷаҳон дигаргуниҳоро мебинем. Мебинем ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кушишҳои беандоза ва ғамхориҳои бепоёни Пешвои миллат чиқадар пеш рафтааст. Мебинем ки дар ин муддат чи қадар мактабу муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ҳамаи ин аз ғамхорӣ, бедорхобӣ ва заҳматҳои Президенти кишвар шаҳодат медиҳанд. Бинобар ин мо бояд ба қадри ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷиву оромие ки дар мамлакат ҳукмфармост бирасем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>