Муроҷиатномаи устодон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

newspaper-866525_960_720

Мо, аҳли устодон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вобаста ба вазъияти имрӯзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои  ифротгароёна ва дасисакоронаи гурӯҳҳои мухолифи наҳзатӣ нисбат ба шарту шароити ин гӯшаи мамлакат, ба тамоми мардуми бонангу номуси он, аз ҷумла аҳли зиё ва ҷавонони хештаншинос муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои  иротӣ гарданд. Имрӯз душманону миллат аз “хонаи хоҷагони хориҷии худ” истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук”, “Одноклассник”, “Радио Зелло”, “Ютуб” ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар иқдомоти расмии мақомотҳои қудратии моро як навъ амалиёти низомӣ нисбати мардуми Бадахшон Кӯҳӣ унвон мекунанд. Лек ин ҳама баҳри осоиштагии мардуми ин сарзамин равона гардида, сиёсати давлатии мо бар муқобили ягон минтақа ва халқият равона нагардидааст. Баръакс бо ин амалиёти густурдаи мақомотҳои қудратии мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷинояткорон тоза гардида, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои он ба ҳаёти осоишта рӯй меоваранд. Аммо сад афсӯс, ки наҳзатиёни гумроҳ аз Аврупо истода нисбати сиёсати имрӯзаи давлати мо ҳар гуна хабару иттилоотҳои бардурӯғи худро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд мардуми моро ба таҳлука водор кунанд ва бар муқобили давлат бархезонанд. Лек тири онҳо хок мехурад. Мардуми тоҷик ва махсусан мардуми сарбаланди Помир мисли солҳои  90-уми асри гузашта ба дасисаҳои душманони миллат дода намешаванд ва сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Мисоли равшани онро мо ҳамагон имрӯзҳо аз васоити ахбори омма баръало дида истодаем. Айни ҳол ҷавонони ватандӯсти Бадахшон ва шаҳрвандони баору номуси  минтақа дар раванди амалиёти густурда бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ кор карда истодаанд. Дар корҳои тоза кардани мошинҳои сабукрав аз сиёҳшишаҳо, ҷамъоварии яроқи оташфишон ва маводи мухаддир дар сафи пеш қарор доранд. Месазад бигӯем, ки ҷавонони Бадахшон ба ақидаҳои наҳзативу ифротӣ гумроҳ нагашта, зери сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлат ҷамъ гаштаанд.Мо, аҳли зиёӣ мамлакат, ки бо касбу кори омӯзгории худ аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамаи шаҳрвандони мо хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Имрӯз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат ҳифз ва ҳимоя намуда, намегузорад, ки касе ба касе зарару зиён расонад. Волоияти қонун дар амал дида мешавад. Адолати судӣ дар баровардани ҳалномаҳои судӣ нисбати амалҳои ҷиноятии гуруҳҳои ҷиноӣ ва шахсиятҳои ҷиноятпеша аз рӯи чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ мешавад.  Ин ҳама муваффақиятҳо аз баракати амнияти миллӣ дар ҷомеа аст. Зеро ҳамагон ба хубӣ огаҳ ҳастем, ки тӯли 40 соли охир дар давлати ҳамсояи мо Афғонистон як рӯзи тинҷиву оромӣ мавҷуд набуда, мардуми он дар ҳолати ғаму ғусса зиндагонӣ доранд, ки ниҳоят аламовар аст.Зин-рӯ мо шаҳрвандон ва сокинони ин сарзамин месазад, ки шукргузорӣ аз ҳаёти имрӯзаи худ намуда, баҳри аз ин ҳам гул-гулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳнати арзанда намоем ва фирефтаи ақидаҳои ифротии гурӯҳҳои мухолифини наҳзативу террорситӣ нагардем. Ҷони худро ва атрофиён дар хатар нагузошта, зери сиёстаи созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҷамъ бошем. Ватани худро фақат мо ободу зебо карда метавонем, на каси дигар. Аз хориҷ истода даъвоҳои дуруғин кардани хоинони миллат ягон асоси воқеӣ надорад. Душманони миллат пирӯзиву ободкории ҷомеаи моро чашми дидан надоранд ва барои онҳо ҷомеаи мо ҷангзада ва ақибмонда бошад. Лек мо тарафдори ҷомеаи мутамаддин ва озоду демократием. Бо истифода аз ин фурсати муносиб омӯзгорон ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба сокинони Бадахшонзамин  муроҷиат менамоем, ки  дар ин лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед. Масъулият аз ҳар яки мо вобастааст!

Аҳли устодон ва омӯзгорони
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>