Мафҳуми ифротгароӣ

rg

АНДЕША. Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд,ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.    Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳам чун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифротгароии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайяни амалҳои зўроварӣ ва терроризм мебошад. Дар сархати Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон ёдовар шудани масъалали густариши бесобиқаи экстремизм ва терроризм ҳамчун хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ аз мо шадидан тақозо менамояд, ки дар масъалаи аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ дуруст баҳогузорӣ намудани равандҳои зуд тағирёбандаи олами ислом, шинохти тахассусии ифротгароӣ ва тундгарои динӣ ва эҳтимолияти таъсиргузор шудани онҳо дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои саривақтӣ манзур намоем. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба сиёсати ҷавонон, дастгирии соҳибкорӣ дар байни онхо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ омили муҳимтарини пешгирӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии мо дар муқвиматҳои мусаллаҳона, паст кардани шиддати ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии мо хоҳад буд.

 

Бобоева Мақсуда мудири маркази бақайдгирии Колеҷи омӯзгории ш. Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>