Дин ва мазҳаб дар ҷомеаи шаҳрвандӣ

t_dsc01196-

АНДЕША. Бунёд ва сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати ниҳоди қудратманди иҷтимоӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли шаклгирист, ба нерўи зеҳнию ақлонӣ ва зарфиятҳои фикрии ҷомеа сахт алоқаманд аст. Ба таваҷҷўҳ ба ин, ҳар қадар неруҳои зеҳнӣ ё ба истилоҳ интеллигенсия, дар фазосозӣ фаъол бошад, ҳамон қадар муваффақшавии низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қаламраи ҷумҳурӣ зиёдтар мегардад. Хусусан сатҳи биниш ва фаҳмиши донишҷўён аз дониши муаллим вобаста аст. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз бозе, ки ҳукумати қонунӣ ба фаъолият пардохт (январи соли 1933) то имрўз давра ба давра ва марҳила ба марҳила дин ва мазҳаб, махсусан мазҳаби ҳанафӣ дар фазои фарҳангӣ ва маънавии тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуд. Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил шуд.  Тасвиби санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти марбута, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодтияҳои динӣ», таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , нашри «Қуръон»  ва дигар осори исломӣ гувоҳи онанд, ки давлат ва ҳукумат дар ҷодаи бароварда сохтани ниёзҳои динӣ-иҷтимоии мардум гомҳои устувор бардоштааст. Ин иқдомҳои саривақтӣ буданд ва ҳастанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус ҷавонон, донишҷўён фаҳмиши баланди шаҳрвандӣ (граҷданӣ)-ро сазовор гашата ба роҳи хато, ба роҳе, ки таблиғи терроризм ва экстремизм ҷавонон ба кўчаҳои сарбаста мебарад, нараванд. Коллективи омўзгорони Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент низ ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки мафкура ё тафаккури донишҷўёнро фазои устувори хештаншиносӣ фаро гирифта, онҳоро аз пайвастшавӣ ба ҳар гуна гурўҳҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ боздорад.

Раҳмонова Муаззамой мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Колеҷи омӯзгории ш. Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>