Сулҳу суботи ҷомеа аз ҳар яки мо вобастааст!

images

ИЗҲОРОТ. Даврони соҳибистиқлолии давлати мо барои пешрафт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва гӯшаву канори мамлакат заминаҳои асосии рушд ва пешрафтро гузошт. Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти Тоҷикистони азиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мадди назари роҳбарияти давлат, хосатан дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ сохтмон ва ба истифода додани садҳо корхонаву идора ва муассисаҳои таълимӣ далели комили таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои давлат нисбати аҳолӣ ва мардуми ин минтақаи кӯҳистон ба шумор меравад. Аз лаҳзаи ба сари қудрат омадани Президенти кишвар Бадахшонро яке аз минтақаҳои муҳими дорои имкониятҳои фаррох, замимаҳои муҳими инфрасохторӣ дар назди Ҳукумату давлат муаррифӣ менамуд. Оид ба мунтазам рушд ёфтани ин минтақаи кӯҳистон ҳамасола ба масъулин дастуру супоришҳои махсус  дода мешуд то барои ба таври комил истифода намудани имкониятҳои ин вилоят чораҳои ҳалталаб андешанд. Мардуми шарифи Бадахшон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамаҷониба аз дастгириву пуштибонии давлату ҳукумат махсусан, Пешвои миллат баҳраманд гашта, баҳри боз ҳам ободу рушд ёфтани ин минтақа саҳми хешро низ гузошта истодаанд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ба истифода додани 1700 иншооти таъиноти гуногун аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ, мактабу маориф, сохторҳои қудратӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин нишоне аз рушд ва ишкишофи ҳамаҷонибаи ин вилоят ба шумор меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар сафари навбатии худ (13-15 сентябри соли ҷорӣ) ба Бадахшони Кӯҳӣ, Пешвои  миллат зикр доштанд, ки дар ин минтақа то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишвар сохтмони чандин иншоот ва биноҳои гуногуни зарурӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони аксари онҳо оғоз ёфта, тӯҳфаи хуб хоҳад  ба мардуми ин сарзамин аст. Баробари ғамхориву пуштибонии ҳамешагии давлату ҳукумат ва махсусан, Пешвои миллат мутаасифона имрӯз ба назар мерасад, ки баъзе ашхоси дасисабозу хиёнаткор ба қадру қиммати ин оромиву осудагӣ ва пешрафту шукуфоии ин минтақа нарасида, ба амалҳои нангини ҷиноятӣ даст мезананд, ки боиси ташвиши аҳолӣ гардидааст. Ба гурӯҳҳои ифротӣ аъзо шудани ҷавонон ба ақидаҳои дасисабози гурӯҳҳои ифротӣ дода шудани онҳо боиси нигаронии ҳам мақомот ва ҳам шаҳрвандон гаштааст. Дода шудан ба андешаву афкори манфиатҷӯёнаи гурӯҳи хиёнаткорон, ки ҳадафашон вайрон намудани оромӣ ва осоиштагии мардум аст аз ин миён дур нест. Чанд нафароне, ки ба ингуна гуруҳҳои ҷиноии маҳаллӣ ҳамроҳ гашта бо ақидаҳои ифротии худ ҷавонони ин вилоятро гумроҳ намуда, барои амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷии хеш кӯшиш мекунанд дар минтақа фазои нооромро бунёд созанд. Хиёнаткороне ба мисли Алим Шерзамонов ва чанде аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ зада мекӯшанд то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Ин ашхосони ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят гуноҳояшон талош мекунад. Аммо аз хориҷи мамлакат истода ин тоифа хоинон фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро, ки ба хотири таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии вилоят чораҳои зарурӣ андешида истодаанд онҳоро зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории ба Ватан аст.  Мебояд дар ин рӯзҳои ҳассос ва душвори гузариш, ки раванди бенизоми ҷаҳонишавӣ тамоми минтақаҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, мардуми сарбаланди Бадахшон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистону Бадахшон ва таъмини амнияти сар то сарии ҷомеа дар паҳлӯи мақомотҳои давлатӣ истода, барои дастгир намудани гурӯҳҳои ҷинояткор  ва безарар гардонидани онҳо дасти кӯмак расонанд. Зеро ҳадафи асосии ин ҳама амалиёт ба хотири оромӣ ва осоиштагии мардуми нафақат ин минтақа балки тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Хоҷаева М.Ҷ. – д.и.п., профессор,

муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>