Илҳом Ёқубов маро гумроҳ кард

Ман — Мирзохӯҷа Исмоилов, хатмкардаи МТМУ 11-и ноҳияи Мастчоҳ, соли 2015 ҷиҳати муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москва рафтам. Илҳом Ёқубов,  намояндаи ТТЭ ҲНИ аз шаҳри Хуҷанд барои ман ҷиҳати ба кишвари Литва ва аз онҷо ба сарзамини Полша рафтан раводид омода кард. Ҳамаи ин амалҳои зишту нопок тавассути “ҳамкорӣ” бо интернет ва ва истифодаи муғризона аз шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт. Ниҳоят, баъди ҳаллу фасли масъалаи мазкур як субҳи солеҳин аз шаҳри Маскав тавассути автобуси мусофиркаш баъди 12 соат ба хоки Литва расидем. Вақте ба Литва расидем, ки аллакай шаб буд. Субҳи дигар мо Литваро убур намуда, вориди марзу буми Варшава гардидем. Ба ин тариқ, кору фаъолияти ман оғоз  ёфт; кор бо компютер, ҳадаф як: таблиғу ташвиқи ғояҳои ТЭТ ҲНИ. Дере нагузашта маро аз маро аз Варшава ба Олмон, ба шаҳри Эсен фиристоданд. Дар инҷо то охири соли 2017 “кору фаъолият” намудам. Яъне ба ҳайси намояндаи ҲНИ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ корбарӣ мекардам. Кор ба ҷое расид, ки аз рафтори худ сахт пушаймон шуда, бо телефони мобилӣ ба падар дар тамос шудам. Хушбахтона, падарам  — Ҳомид Исмоилов (раиси хоҷагии деҳқонии “Исмоилиён”)изҳор доштанд, ки “писарам, хато кардӣ, ба ватан баргард, Тоҷикистони сулҳофарин бо Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ба гуноҳи худ иқрор шуда, азми ба ватан баргаштагонро авф намуда, парвандаи ҷиноятиро қатъ мекунад”.  Хабари авфи мо – гунаҳкоронро ба ду гушам шунида, дилам ҷӯш зад, ашк аз чашмам фурӯ рехт ва аз роҳи нодуруст интихобкарда баргаштам ба сӯи Ватан, зодгоҳ, диёри азиз, падару модар ва хоҳару бародар. Ба ин тариқ субҳи 26-уми сентябри соли 2018 аз кишвари Олмон тавассути тайёраи “Бойинг” ба шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон расидам. Аз фурудгоҳи шаҳри Бишкек намояндагони ШВКД ҶТ дар ноҳияи Мастчоҳ маро қабул намуда, барои пусуҷӯ ба шуъба оварданд, ки дар байни онҳо падарам ҳам буд. Кормандони сохторҳои қудратӣ аз ман баёнот гирифтанд. Ман пурра иқрор шудам, ки ба хатогии маҳз роҳ дода, фирефтаи доми Кабирӣ ва намояндаи ӯ – Илҳом Ёқубов ҳуда, дар ин муддат ба манфиати ҲНИ кор кардам, ки баъдан ташкилоти экстремистию терористӣ ном гирифт. Ниҳоят, баъди пурсуҷӯи зиёд субҳи 1-уми октябр соли 2018 бо авфи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдориҳои раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ва хайрзоҳиҳои сохторҳои қудратӣ парвандаи ҷиноятии маро қатъ намуда, ба ман умри дубора ҳадия намуданд. Ва акнун ман дар озодии мутлақам, дар ҳалқаи ёру диёр ва хешу табор. Ҳоло 31 –солаам, боқӣ тамоми ҳаётамро барои ободии Ватани азизу ҷоноҷон сарф мекунам. Шукронаи обу хоки диёр намуда, аз ҳамаи нафароне, ки хориҷ аз аз Ватан дар мусофират: чи дар саҳни донишгоҳҳои исломӣ ва чи дар паси сангарҳои Ироқу Шому Сурияанд, ба Ватан баргарданд то умри дубора насибашон гардад.

Мирзохоҷа ИСМОИЛОВ,

сокини деҳаи Ғузн, АХД Фирдавсӣ,

Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>