Гузаштаро ёд бояд кард

АЙНӢ. Ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия ба деҳаи Мадми Ҷамоати деҳоти Урметан сафар намуда, бо ҷавонони ин русто доири мавзуҳои “Исрофкорӣ набояд кард”, “Гузаштаро ёд бояд кард”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбати саминона доир намуд. Дар ибтидо роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сухан баромада зикр сохт, ки:

Ба қадри об мерасем дар ташнагиҳо,
Ба қадри нон мерасем дар гушнагиҳо.

Вақте, ки ба ягон деҳа ё макони зист об омад, шодию хурсандии мардум ва соҳибхонаҳоро интиҳое нест. Аммо, ҳолатҳои исрофкорӣ ё ифлос кардани чашмаҳо ва сойҳо гуноҳест азим.  Дар интиҳои вохӯрӣ ҷавонони деҳаи Мадм доири таърихи ниёгон  аз устодони таърих  пурсиш ба амал оварда ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  Изҳори хушҳолӣ аз он намуданд, ки чунин вохӯриҳои судманд аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия пайваста баргузор карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>