Мулоқоту вохӯриҳои судманд

АШТ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт вобаста ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят, ки санаи 15 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, як зумра тадбирҳо андешида, баҳри гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуда истодааст. Бо ин мақсад рӯзи гузашта роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба ташкилоти ибтидоии Кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳия ташриф оварда, бо аъзоёни ҲХДТ ва коркунони муассисаи мазкур вохӯрӣ ба амал оварданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо мазмун ва мӯҳтавои асосии суханронии Пешвои миллат шинос намуд. Сипас бобати он камбудиҳои ҷиддӣ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ карда шуд, аз ҷумла содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, афзудани бемориӣои нашъамандӣ ва ВМНО (ВИЧ СПИД), ки боиси халалдор шудани оромию амнияти ҷомеа ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегардад, андешаронӣ намуд. Аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Э.Қурбонов бобати мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон бобати пешгирии ҷинояткорӣ дар ин вилоят, ба эътидол омадани минтақа суханронқ намуд. Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроия М. Мадаминова зимни баромади хеш афзуд, ки нотавинбинони наҳзатӣ имрӯзҳо мардумро ба таҳлука андохтанӣ шуда, дар шабакаҳои интернетӣ ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангезро паҳн намуда истодаанд, ки ин боиси нигаронист. Аз ин лиҳоз, аз аҳли кормандони тиб хоҳиш намуд, ки дурӯғҳои навбатии аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар байни мардум мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Ш. Имомназаров дар интиҳо аз номи кормандони муассиса баён дошт, ки тартиботи ҳуқуқӣ бояд дар ин вилоят барқарор бошад ва ашхосе, ки ғайриқонунӣ силоҳ дорад, бояд ихтиёрӣ супорид. Боиси зикр аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар кормандони муассиса ширкат варзиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>