Мулоқоти ҳизбиён дар деҳоти Чоркӯҳ

ИСФАРА. Мулоқоти навбатии кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара тибқи нақшаи корӣ дар деҳоти Чоркуҳ баргузор шуд, ки дар ҷарёни он роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок карданд. Дар мулоқот ду масъала даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ва таҳлили корҳои дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии деҳоти Чоркуҳ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар мавзӯи “Артиши миллӣ рукни асосии давлатдорӣ”  С.Амонуллоев маъруза кард. Раиси ташкилоти ҳизбии дар кооперативии истеҳсолии тухмипарварии Чоркуҳ Н.Олимов, раиси ташкилоти ибтидоии “ Насрулло Асадуллоев” шоир И.Абдуллоҳ, аъзои фаъоли ҳизб, аз ташкилоти ибтидоии деҳоти Чоркуҳ, муовини раиси ҷамоат У.Халлоқов, раиси ташкилоти ибтидоии “И.Файзуллоев” Ҳ.Анваров оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баромад карданд. Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб бобати амалигашти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми августи соли 2018 №1095 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат хоҳанд бахшид. Доир ба таҳлили корҳои дохилиҳизби ва ташкили обунаи шахсию дастаҷамъона ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбарихалқ” ва “Сухани халқ” дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар деҳоти Чоркӯҳ сардори раёсати ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Т.Низомидинова баромад карда, бобати зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони арзанда, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ андешаронӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>