Мо, ҷавонон ҳомиёни Ватанем

АЙНӢ. ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия, ба деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан сафар намуда, дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №2-и деҳа, бо ҷавонони маҳал, устодон ва фаъолони ҷамоат вохӯрии судманд доир намуд. Дар ибтидо, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” С. Қобилов доири мавзӯи “Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва оқибатҳои он”  баромад намуда гуфт: “Мо ҷавонон бояд шукронаи ин фазои сулҳу оромӣ ва зиндагии шоиста намоем. Певшои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри мо ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд, токи мо хонем ва дар оянда созандаи Ватан-Модар шавем. Пас моро мебояд, пайваста хонем, аз ҳуқуқҳои худ бархурдор шавем, аз илми замон баҳра бардорему рӯзгори босаодати хешро бунёд намоем. Инчунин, роҳбари МТМУ №2-и деҳа Сулҳиддин Тилабов  оиди мавзӯи “Тарбияи ҳарбӣ-Ватандӯстӣ” суханронӣ намдуда, ҷавононро баҳри ҳимояи марзу буми хеш даъват намуд. Дар рафти вохӯрӣ ҷавонон доири маҳорати ҷангии сарбозон ва ҳимояти марзи Ватан саҳначаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писандӣ ҳамагон гашт. Дар интиҳои вохӯрӣ шахсони масъули ҷамоат ва устодон пешниҳод намуданд, ки доири даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ақидаҳои ҳуруфотӣ дар байни ҷавонон пайваста чунин вохӯриҳо баргузор карда шаванд ба манфиати ҷавонон аст. Ҷоизи зикр аст, ки КИ ҲХДТ дар ноҳия, чунин вохӯриҳои судбахшро пайваста доир менамояд, ки шоистаи таҳсин аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>